Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Август 2021    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
» ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
» Баррасии ҳамкориҳо бо Туркманистон


 
Архив новостей
Июль 2021 (3)
Июнь 2021 (10)
Май 2021 (6)
Апрель 2021 (16)
Март 2021 (8)
Февраль 2021 (6)
 
Пресс-релизы : Баимзорасонии созишномаҳо оид ба маблағгузорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ
 

Баимзорасонии созишномаҳо оид ба маблағгузорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ

Санаи 25 июни соли 2021 дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ созишномаҳои зерини маблағгузорӣ ба имзо расонида шудаанд.

Лоиҳаи “Навкунии низоми миллии омор” ба маблағи умумии 10 млн доллари амрикоии грантӣ. Маблағҳои ҷалбгардида барои навсозии раванди таҳия ва паҳн намудани маълумоти оморӣ, инчунин васеъ намудани иштироки истифодабарандагони маълумоти оморӣ равона мегардад;

Лоиҳаи “Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ, марҳилаи 2 (маблағгузории иловагӣ). Ҳаҷми маблағгузории иловагӣ 6 млн доллари амрикоии грантиро ташкил медиҳад, ки он барои баланд бардоштани самаранокӣ, назорат ва ҳисоботдиҳии қисмати хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст.

Лоиҳаи “Электрификатсияи деҳот (маблағгузории иловагӣ) ба маблағи умумии 10 млн доллари амрикоии грантӣ. Ҳадаф аз татбиқи Лоиҳаи мазкур таъмини дастрасӣ ба нерӯи барқ дар маҳалҳои аҳолинишин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии таъминоти барқ ба истеъмолгарони ба шабакаҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайвастгардида мебошад.

Маблағгузории иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои грантии Фонди иқлими сабз барои Лоиҳаи “Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал” дар ҳаҷми 9 млн доллари амрикоии грантӣ. Маблағҳои мазкур бо мақсади таъмин намудани дастрасии минтақавӣ ба хизматрасонии босифат, инчунин афзоиш додани ҳаҷми сармоягузорӣ ба соҳаи ҳифзи муҳити зист ҷиҳати баланд бардоштани устувории иқлим, коҳиш додани хатарҳо ва кам кардани таъсири онҳо ба афзоиши манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона карда мешавад.

 


 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 64)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2