Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Август 2021    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
» ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
» Баррасии ҳамкориҳо бо Туркманистон


 
Архив новостей
Июль 2021 (3)
Июнь 2021 (10)
Май 2021 (6)
Апрель 2021 (16)
Март 2021 (8)
Февраль 2021 (6)
 
Пресс-релизы : Баимзорасонии Созишномаҳои қарзӣ ва кафолатӣ барои маблағгузории лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе”
 
Баимзорасонии Созишномаҳои қарзӣ ва кафолатӣ барои маблағгузории  лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе”

 

Санаи 22 июни соли 2021 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Созишномаи қарзӣ байни ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе” дар ҳаҷми 25 млн доллари амрикоӣ сурат гирифт.

Мақсади Лоиҳа ин кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии нерӯи барқ, тавассути идоракунии устувор ва корпоративӣ дар соҳаи барқ, бакордарории системаи баҳисобгирии биллингӣ ва инчунин насбу васли ҳисобкунакҳои барқии электронии интеллектуалӣ мебошад.

Созишномаҳои мазкурро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон– Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – хонум Айтен Рустамова, Роҳбари Намояндагии Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” – Билолзода Умед, директори генералӣ ба имзо расониданд.

Дар доираи лоиҳа насби зиёда аз 398 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқӣ, 1692 км ноқилҳои гуногуншиддати барқӣ, 264 адад трансформатори гуногуншиддат (сатҳи 10/6/0,4 кВ), насби ҳаҷми зарурии таҷҳизоти ба ҳисобкунакҳо алоқаманд, инчунин ҷорӣ намудани низоми назорат ва ҳисоби нерӯи барқ (AMI, EDM ва CRM) ба нақша гирифта шудааст.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2021 оғоз гардида, соли 2026 ба анҷом мерасад.


Баимзорасонии Созишномаҳои қарзӣ ва кафолатӣ барои маблағгузории  лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе”

 

Баимзорасонии Созишномаҳои қарзӣ ва кафолатӣ барои маблағгузории  лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе”


 


 

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 20)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2