Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Июнь 2021    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
 
Самое читаемое
» Мулоқоти Файзиддин Қаҳҳорзода б ...
» Э Ъ Л О Н
» Маълумотнома
» Мулоқот бо Христофорос Политис
» ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
» Встреча Министра финансов Республики Таджикистан со спе ...
» Баррасии ҳамкориҳо бо директори кишварии Бо ...
» Вохӯрии Юсуф Маҷидӣ бо Саломе Штайб


 
Архив новостей
Июнь 2021 (5)
Май 2021 (6)
Апрель 2021 (16)
Март 2021 (8)
Февраль 2021 (6)
Январь 2021 (2)
 
Пресс-релизы : ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
 
ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ

Санаи 3 июни соли 2021 Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ба имзо расонида шуд.

Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Питер Олтерс ба имзо расониданд.

Ҳадафи амалиёти мазкур ин сода намудани низоми андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасонии андозсупорандагон ва беҳтар намудани риояи ихтиёрии қонунгузорӣ дар соҳаи андоз мебошад.

Маблағи умумии Амалиёт 50,0 млн долари амрикоиро ташкил дода, он аз Барнома ва Лоиҳа иборат мебошад.

Қисмати Барномаи Амалиёт 37,5 млн доллари амрикоиро ташкил дода, он ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои содагардонии низоми андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасонии андозсупорандагон ва такмили риояи ихтиёрии қонунгузорӣ дар соҳаи андоз, ки аз “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” бармеояд, равона мегардад.

Қисмати дуюм ин маблағгузории лоиҳаи сармоягузорӣ, бо маблағгузории ҷудогардидаи 12,5 млн доллари амрикоӣ буда, он аз харидорӣ ва таҳияи барномаи таъминотӣ барои автоматикунонии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва равандҳои тиҷоратро дарбар гирифта, аз такмили технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва идоракунии лоиҳа иборат мебошад.

Татбиқи амалиёти мазкур соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.


ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ

 


ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ


 



 

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 9)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2