Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Май 2021    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Баимзорасонии Созишномаҳои грантӣ, қа ...
» Вохӯрии муовини Вазири молияи Ҷумҳури ...
» Пресс релиз
» Пресс релиз
» Баимзорасонии Созишнома оид ба пешниҳоди кафолати ...
» Маълумотнома
» Встреча Министра финансов Республики Таджикистан с Вице ...
» Пресс релиз
» Вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии То ...
» Участие Министра финансов Таджикистана в Форуме Экономи ...


 
Архив новостей
Май 2021 (1)
Апрель 2021 (16)
Март 2021 (8)
Февраль 2021 (6)
Январь 2021 (2)
Декабрь 2020 (11)
 
Пресс-релизы : Баимзорасонии Созишномаҳои грантӣ, қарзӣ ва кафолатӣ барои маблағгузории лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон”
 
Баимзорасонии Созишномаҳои грантӣ, қарзӣ ва кафолатӣ барои маблағгузории  лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон”

Санаи 29 апрели соли 2021 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишномаи қарзӣ байни ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, инчунин Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон” дар ҳаҷми 35 млн евро, аз ҷумла 15 млн евро ҳамчун маблағи грантӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва 20 млн евро қарз аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шуд.

Мақсади Лоиҳа ин кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии нерӯи барқ, тавассути қисман таҷдид намудани шабакаҳои барқӣ, бакордарории системаи баҳисобгирии биллингӣ, инчунин насбу васли ҳисобкунакҳои барқии электронии интеллектуалӣ мебошад.

Созишномаҳои мазкурро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд хонум Айтен Рустамова, Роҳбари Намояндагии Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ Билолзода Умед, директори генералӣ ба имзо расониданд. Инчунин, дар маросими баимзорасонӣ Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – хонум Мэрилин Йосефсон иштирок намуданд.

Лоиҳа дар минтақаи Хатлон, шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар амалӣ гардида, дар доираи татбиқи он иҷрои корҳо вобаста ба ҷорӣ намудани низоми биллингӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар, инчунин таҷдиду азнавсозии 2 адад зеристгоҳи мавҷуда, аз ҷумла зеристгоҳи “Бохтар”-110/10кВ ва зеристгоҳи “Кӯлоб”-110/35/10кВ, инчунин сохтмони зеристгоҳи нави 110/35/10 кВ дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифта шудааст.

              Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2021 оғоз гардида, соли 2025 ба анҷом мерасад.


Баимзорасонии Созишномаҳои грантӣ, қарзӣ ва кафолатӣ барои маблағгузории  лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон”


 

 

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 26)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2