Санаи 28 июли соли 2021 дар ҳошияи баргузории ҷаласаи 10-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Вазири молия ва иқтисоди Туркманистон Мухаммедгелди Сердаров доир гардид.
Санаи 12 июли соли 2021 вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори кишварии Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Шэнни Кэмпбелл доир гардид.
Рӯзҳои 1 ва 2 июли соли 2021 муовини якуми Вазири молия, Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дар ҷаласаи маҷозии ҳамасолаи Шӯрои роҳбарикунандаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд иштирок ва суханронӣ намуданд.