Санаи 25 июни соли 2021 дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Созишнома оид ба маблағгузорӣ барои Лоиҳаи “Дастгирии ғизои мактабӣ” ба имзо расонида шуд. Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Директори минтақавии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои кишварҳои Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ, хонум Дина Салеҳ ба имзо расониданд.