Санаи 29 апрели соли 2021 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишномаи қарзӣ байни ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, инчунин Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон” дар ҳаҷми 35 млн евро, аз ҷумла 15 млн евро ҳамчун маблағи грантӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва 20 млн евро қарз аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шуд.