2 марти соли 2021 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишномаи дастгирӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Корхонаи давлатии “Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб” ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб” ба имзо расонида шуд.