Дар доираи ҷаласаҳои баҳории Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор (IMF/WB Springmeetings 2018) намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов як қатор мулоқоту вохӯриҳоро бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ доир намуданд.