Аз санаи 9 то 11 декабри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун сафари расмӣ анҷом доданд. Дар ин сафар Сарвари давлатро вазири молия муҳтарам Қурбониён Абдусалом Карим, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, кишоварзӣ, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.