- Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол сипарӣ гардид. Ин муддат дар назди таърих ҳеҷ аст, вале дар ин муҳлат дар ҷараёни татбиқи Қонун сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд тавонистанд, ба талаботи санади миллӣ такя намуда, аз маъракаҳои пурдабдабаву серхарҷ даст кашанд.