Имрӯзҳо дар сартосари кишвар 10-умин солгарди Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро истиқбол мегиранд. Аксар бар ин назаранд, ки тӯли ин муддат Қонуни мазкур дар беҳбуд бахшидан ба рӯзгору зиндагии мардум мусоидат кардааст. Ҳамчунин, рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ, риояи қатъии талаботу меъёрҳои либоспӯшии расмӣ дар ташкилоту муассисоти далатӣ ва дур будан аз бегонапарастӣ, ки як рукни Қонуни мазкур аст, миёни мардум ҳамовозиро ба вуҷуд оварда, сокинони мамлакат дар навбати худ ҷиҳати боз ҳам комил гардонидани қонуни мазкур таклифу пешниҳодоти судманд ироа медоранд.