Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:
Раёсати корҳо:
Сармуҳосиб-сардори шуъбаи муҳосиботи Раёсати корҳо-1 ҷой
Маоши мансабӣ 1206 сомонӣ 90 дирам, иловапулӣ барои
собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ.
Талаботи тахассусӣ ба довталабон:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ;
- зиёда аз 5 сол собиқаи корӣ дар ҳамин мансаб;
- донишу маҳорати касбӣ ва малакаи роҳбарӣ;
- малакаи хуби муошират аз ҷумла ҳимояи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо барномаҳои дахлдори муҳосибот ва компютер;
- малакаи хуби коргузорӣ бо забони давлатӣ, донистани забони русӣ, англисӣ пазируфта мешавад.