Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Масъалаи асосии маҷлис рафъи ҳолатҳои фавқулода аст, ки тайи рӯзҳои охир дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ рух дод. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор дастур дод, ки барои ҷалби кумакҳои ташкилотҳо ва шахсони савобҷӯ дар БДА ҶТ «Амонатбонк» бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ суратҳисоби махсус кушода шавад ва ин иқдом амалӣ шуда суратҳисобҳои зерин кушода шудаанд.