Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб аз соли 1997 дар базаи омӯзишгоҳи касбӣ-техникии шаҳри Кӯлоб таъсис ёфтааст. Дар оғози фаъолият интернат тавонист 103 ятимбачаро ба таълим фаро гирад. Дар айни замон, дар парваришгоҳ 250 нафар тарбиятгиранда бо шароити хубу буду бош ба таҳсил фаро гирифта шудааст.