И Т Т И Л О О Т
дар бораи гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқи обии Роғун»
Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ва Оинномаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» Шўрои нозирони Ҷамъият дар бораи даъвати Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» (протоколҳои Шўрои нозирон аз 26 январи соли 2011 №12 ва аз 23 апрели соли 2011 №15) қарор қабул кард.