Дар Вазорати молияи Чумхурии Точикистон презентатсия оиди натичаи сафари хизматии Сардори Шуъбаи хукуки Вазорати молия Саидмуродов Баходур дар шахри Токиои Чумхурии Чопон баргузор гардид. Ёдрас мешавем, ки тибки номахои Вазорати молияи Чумхурии Чопон чихати иштирок намудан дар семинар - курсхои омузишии тобистона барои давлатхои Осиёи Маркази ва Кавказ, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Чопон ташкил карда шуда, аз санаи 29-июл то 26-августи соли 2010 дар шахри Токио баргузор гардида буд, номзадии Сардори Шуъбаи хукуки Вазорати молия Саидмуродов Б. чихати иштирок дар он пешниход шуда буд. Дар семинар – курси мазкур гайр аз намояндаи Вазорати молияи Чумхурии Точикистон, инчунин намояндагон аз Вазоратхои молияи Чумхурихои Гурчистон, Озарбойчон, Арманистон, Казокистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок доштанд.