оиди натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти молиявии Вазорати молия дар нимсолаи аввали соли 2009 ва амалӣ намудани нақшаҳои барномаи зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳлили нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз рӯи маълумоти фаврии Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ идома ёфта, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар семоҳаи дуюми соли 2009 нисбатан паст гардиданд. Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 7,8 млрд. сомонӣ ва афзоиши реалии он ба 2,8 фоиз баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,0 фоиз кам мебошад.