Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Ноябрь 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
 
Самое читаемое
» Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳу ...
» Тасдиқи рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳр ...
» Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷ ...
» Cафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ ...
» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомал ...
» Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси ...
» Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ...
» Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳур ...
» Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ...
» Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳур ...


 
Архив новостей
Ноябрь 2019 (12)
Октябрь 2019 (2)
Сентябрь 2019 (4)
Август 2019 (3)
Июль 2019 (11)
Июнь 2019 (19)
 
Пресс-релизы : Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳрдори Берни Конфедератсияи Швейтсария Алек фон Граффенрид мулоқот намуданд
 
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳрдори Берни Конфедератсияи Швейтсария Алек фон Граффенрид мулоқот намуданд

5 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳрдори Берн Алек фон Граффенрид мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили густариш ва барқарорсозии муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо ин шаҳри таърихии Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз истиқболи самимии шаҳрдорӣ изҳори сипос карда, таъкид доштанд, ки Конфедератсияи Швейтсария дар сиёсати хориҷии кишвари мо ҷойгоҳи хоса дорад ва Тоҷикистон онро яке аз кишварҳои дӯст, шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.

Таъкид гардид, ки айни замон Душанбе — пойтахти Тоҷикистон бо 18 шаҳри давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бародаршаҳр мебошад.

Бинобар ин изҳори итминон карда шуд, ки барқарории робитаҳои бародаршаҳрии Берн бо пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҷиҳати густариши робитаҳои дӯстонаи ду халқ ва тавсеаи мубодилаи фарҳангӣ, илмӣ, зиёиён, ҷавонони ду кишвар, ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии таълимии шаҳри Берн ва шаҳри Душанбе, мусоидат хоҳад намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои инфрасохтори сайёҳӣ, технологӣ, густариши равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории дуҷониба баррасӣ карда шуд.


 

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2