Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Сентябрь 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
 
Самое читаемое
» МАРОСИМИ БАИМЗОРАСОНИИ СОЗИШНОМАҲО
» Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об ...
» МАРОСИМИ БАИМЗОРАСОНИИ СОЗИШНОМАИ ГРАНТӢ


 
Архив новостей
Сентябрь 2019 (2)
Август 2019 (3)
Июль 2019 (11)
Июнь 2019 (19)
Май 2019 (8)
Апрель 2019 (17)
 
Пресс-релизы : МАРОСИМИ БАИМЗОРАСОНИИ СОЗИШНОМАИ ГРАНТӢ
 
МАРОСИМИ БАИМЗОРАСОНИИ СОЗИШНОМАИ ГРАНТӢ

3 сентябри соли 2019 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими баимзорасонии Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония доир ба лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар” баргузор гардид.

Созишномаи мазкурро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва аз тарафи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония Ҳидеки Танабе, Роҳбари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба имзо расониданд.


МАРОСИМИ БАИМЗОРАСОНИИ СОЗИШНОМАИ ГРАНТӢ

Маблағи умумии лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар” 3,349 млн. йени японӣ баробар ба 30,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Мақсади Лоиҳа беҳтар намудани бехатарии нақлиёт ва ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар тавассути таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар  мебошад.

Хотиррасон бояд кард, ки маблағи умумии сохтмони роҳи Душанбе-Бохтар бо дарназардошти қитъаи номбурдаи он 234,03 млн. доллари ИМА-ро (203,88 млн. доллари ИМА маблағгузории умумии сохтмони роҳи Душанбе-Бохтар) ташкил дода, аз он 105,8 млн. доллари ИМА гранти Бонки Осиёии Рушд, 49,4 млн. доллари ИМА қарзи Бонки Осиёии Рушд, 12,0 млн. доллари ИМА қарзи Фонди байналмилалии рушди ОПЕК ва 2,0 млн. доллари ИМА гранти Фонди Нерӯи Тоза мебошад. Дар ин замина як қатор корҳои муайяне ҷиҳати татбиқи лоиҳа аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешаванд. Ҳаҷми умумии саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 35,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 14,33 млн. доллари ИМА дар шакли натуралӣ мебошад.

 

Котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2