Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Сентябрь 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
 
Самое читаемое
» МАРОСИМИ БАИМЗОРАСОНИИ СОЗИШНОМАҲО
» Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об ...
» МАРОСИМИ БАИМЗОРАСОНИИ СОЗИШНОМАИ ГРАНТӢ


 
Архив новостей
Сентябрь 2019 (2)
Август 2019 (3)
Июль 2019 (11)
Июнь 2019 (19)
Май 2019 (8)
Апрель 2019 (17)
 
Пресс-релизы : МАРОСИМИ БАИМЗОРАСОНИИ СОЗИШНОМАҲО
 
МАРОСИМИ БАИМЗОРАСОНИИ СОЗИШНОМАҲО

28 августи соли 2019 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими баимзорасонии Созишномаи маблағгузорӣ ва Созишномаи чорчубавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонӣ барои саломатии модарон, навзодон ва кўдакон дар чор ноҳияи вилояти Хатлон», Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон» ва Созишномаи грантӣ оид ба пешниҳод намудани кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Исломии Рушд ва Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ барои таҳияи асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳа оид ба таъсиси кластерҳо барои коркарди меваю сабзавот дар вилояти Суғд ва шаҳрҳои Кӯлоб ва Ҳисор баргузор гардид.

МАРОСИМИ БАИМЗОРАСОНИИ СОЗИШНОМАҲО

Созишномаро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин ва аз тарафи Бонки Исломии Рушд - Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҳишам Маъруф ба имзо расониданд.

Маблағи умумии лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонӣ барои саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон дар чор ноҳияи вилояти Хатлон маблағи 26,87 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Мақсади Лоиҳа ин таҷдид ва таҷҳизонидани муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин насби таҷҳизоти муосир дар марказҳои тиббӣ дар ноҳияҳои мақсадноки вилояти Хатлон ва баланд бардоштани иқтидори кормандони тиб тавассути баргузории курсҳои омӯзишӣ мебошад.

Маблағи умумии лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон», ки мақсади он беҳтар намудани вазъи шароити зиндагонии сокинони деҳот тавассути беҳтар намудани идоракунии захираҳои обие, ки ба тағйирёбии иқлим устувор мебошанд, 53,50 млн. доллари ИМА-ро ташкил менамояд.

Инчунин, Бонки Исломии Рушд маблағи 280 000 доллари ИМА ва Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ маблағи 100 000 доллари ИМА-ро барои таҳияи асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳа оид ба таъсиси кластерҳо барои коркарди меваю сабзавот дар вилояти Суғд ва шаҳрҳои Кӯлоб ва Ҳисор пешниҳод менамояд.

 

Котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2