Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Август 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ дар нимсо ...


 
Архив новостей
Август 2019 (1)
Июль 2019 (11)
Июнь 2019 (19)
Май 2019 (8)
Апрель 2019 (17)
Март 2019 (4)
 
Пресс-релизы : Натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 назаррасанд
 
Натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 назаррасанд

2 августи соли 2019 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Васоити ахбори оммаи кишвар, нишасти матбуотии Вазорати молия “Оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти молиявӣ дар нимсолаи якуми соли 2019” баргузор гардид.

Нишасти матбуотиро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ифтитоҳ намуда, аз натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ ва иҷроиши Буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2018 ба хабарнигорон иттилоъ доданд.

Вазири молияи кишвар зимни нишаст қайд намуданд, ки фаъолияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, суғуртавӣ, асъорӣ, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматноки давлатӣ, хазинаи сарватҳои давлатӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба Буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ равона гардид.

Дар нишаст қайд гардид, ки дар моҳҳои январ –июни соли 2019 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 31 270,9 млн. сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 7,5 фоиз баробар гардид. Нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан  3 583,8 млн. сомонӣ ва 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Рушди иқтисоди кишвар дар ин давра асосан аз ҳисоби 12,5 фоиз зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, 10,8 фоиз соҳаи кишоварзӣ, 9,4 фоиз гардиши савдо, аз ҷумла гардиши моли чакана 9,6 фоиз таъмин шудааст.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Вазири молияи кишвар дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба  2 136,9 млн. доллари ИМА баробар гардид, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 77,9 млн. доллари ИМА ё 3,8 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумҳурӣ ба маблағи 570,6 млн. доллари амрикоӣ молу маҳсулот содирот карда шудааст ва ҳиссаи он дар гардиши савдои хориҷӣ 26,7 фоизро ташкил менамояд.

Тибқи маълумоти ба рўзноманигорон пешниҳодгардида, ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ бо дарназардошти маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалбшуда ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ба 10,9 млрд. сомонӣ баробар гардида, иҷрои нақшаи нишондиҳандаҳои мазкур ба андозаи 100,4 фоиз таъмин гардид. Воридоти он нисбат ба нақша 48,8 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 555,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ ба Буҷети давлатӣ 5,5 млрд. сомонӣ ва аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ 2,5 млрд. сомонӣ ворид гардид.

Ҳамзамон, 7 лоиҳаи дигар дар доираи Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои ба имзорасонӣ омода гардидааст.

Дар ҷамъбасти нишасти матбуотӣ  Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Қаҳҳорзода  ба рўзноманигорон пешниҳод намуданд, ки ҳамкориҳоро бо Вазорати молия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд ва метавонанд маълумоти муфассал доир ба иҷро ва банақшагирии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи қарзи давлатӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок, амалӣ намудани ислоҳот дар низоми молияи давлатӣ ва дигар маълумоти зарурӣ марбут ба фаъолияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмии вазорат бо нишонии www.minfin.tj дастрас мебошад истифода намоянд.

Дар нишасти матбуотӣ сардорони Сарраёсату раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, муассисаҳои зертобеи вазорат ва сардори Раёсати молияи  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аъламхон Қодириён иштирок доштанд.

 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2