Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Август 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ дар нимсо ...


 
Архив новостей
Август 2019 (1)
Июль 2019 (11)
Июнь 2019 (19)
Май 2019 (8)
Апрель 2019 (17)
Март 2019 (4)
 
Пресс-релизы : Ҷаласаи мушовараи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Ҷаласаи мушовараи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 19 июли соли 2019 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон ҷаласаи васеи мушовараи Вазорати молия оид ба ҷамъбасти фаъолияти молиявӣ ва иҷрои Буҷети давлатӣ дар семоҳаи дуюми соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда ҷиҳати рушди самараноки идоракунии молиявӣ дар семоҳаи сеюми соли 2019 доир гардид.

Дар ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти молиявӣ ва иҷрои Буҷети давлатӣ дар семоҳаи дуюми соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда ҷиҳати рушди самараноки идоракунии молиявӣ дар семоҳаи сеюми соли 2019 сардори сарраёсати буҷети давлатӣ Сайвалӣ Сафаров маърўза намуданд.

 

Ҷаласаи мушовараи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин, сардорони сарраёсатҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба масъалаи мавриди назар ҳисобот доданд.

 Оид ба масъалаҳои матраҳгаштаи рўзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар ҷамъбасти кори ҳайати васеи мушовара муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Абдураҳмон, натиҷаҳои ҷаласаи мушовараро ҷамъбаст намуда, кормандони масъули Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор карданд, то дар иҷрои саривақтӣ ва босифати Буҷети давлатӣ барои семоҳаи сеюми соли 2019 чораҳои таъхирнопазир андешанд.

 Дар ҷаласа ҳамчунин, сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аъламхон Қодириён, муовини сардори хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Шерализода, муовини раиси кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Меликзода Каъбатулло, муовини раиси БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сайфзода Шаҳло Ҷамол, намояндаи вазорати рушди иқтисод ва савдо Зайниддинзода Саидмурод иштирок доштанд.

 

Раёсати котибот

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 1)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2