Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Август 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ дар нимсо ...


 
Архив новостей
Август 2019 (1)
Июль 2019 (11)
Июнь 2019 (19)
Май 2019 (8)
Апрель 2019 (17)
Март 2019 (4)
 
Пресс-релизы : Мулоқоти Вазири молия бо Ноиби Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ
 
Мулоқоти Вазири молия бо Ноиби Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ

Нимаи дуюми рӯзи 17 июли соли 2019 дар шаҳри Рими Италия мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода бо Ноиби Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (ФБРК), хонум Корнелия Рихтер баргузор гардид.

Зимни мулоқот вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ФБРК, аз ҷумла дар самти паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва бекорӣ дар деҳот, рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо, дастгирии ҷавонон ва занон дар деҳот ва паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба Стратегияи нави ҳамкории ФБРК барои солҳои 2019-2024 ва лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар доираи стратегияи мазкур пешбинигардида зоҳир карда шуд. Вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати ҷалб намудани сармоягузории нави ФБРК, хусусан маблағҳои грантӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар соҳаи кишоварзӣ изҳор намуданд.


 

Мулоқоти Вазири молия бо Ноиби Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ФБРК баён доштанд.

Дар мулоқот инчунин Роҳбари Департаменти Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказии ФБРК, хонум Халида Бузар ва Роҳбари Барномаи ФБРК дар Тоҷикистон, ҷаноби Микаэл Каутту ширкат варзиданд.

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2