Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Август 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ дар нимсо ...


 
Архив новостей
Август 2019 (1)
Июль 2019 (11)
Июнь 2019 (19)
Май 2019 (8)
Апрель 2019 (17)
Март 2019 (4)
 
Пресс-релизы : Муҳокимаи стратегияи нави ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ
 
Муҳокимаи стратегияи нави ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ

17 июли соли 2019 дар қароргоҳи асосии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) воқеъ дар шаҳри Рими Италия ҷаласа вобаста ба Барномаи кишварии имкониятҳои стратегӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2019-2024 баргузор гардид, ки дар кори он аъзои Шӯрои иҷроияи Фонд, намояндагони зиёда аз 12 давлати маблаггузори Фонд ширкат варзиданд.

Дар чорабинӣ аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири молияи кишвар, Файзиддин Қаҳҳорзода иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Ноиби Президент – Роҳбари Департаменти идоракунии барномаҳои Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ, ҷаноби Донал Браун суханронӣ намуд.

Сипас, аз ҷониби Роҳбари Департаменти Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказии Фонд, хонум Халида Бузар Барномаи кишварии имкониятҳои стратегӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2019-2024 муаррифӣ карда шуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки барномаи стратегии мазкур самтҳои асосии афзалиятноки ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналимилалии рушди кишоварзиро инъикос менамояд. Мақсади асосии барнома ин паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таҳкими амнияти озуқаворӣ ва паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон мебошад. Ноил шудан ба ҳадафҳои болозикр тавассути татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ва нави сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад.

Ҳамчунин, дар аснои чорабинӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода оид ба саҳми назарраси Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар махсус қайд намуда, таъкид доштанд, ки дар давоми 10 соли охир сармоягузории Фонд ба Тоҷикистон маблағи 80 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар натиҷа ба зиёда аз 60 000 хонавода дар минтақаи деҳоти кишвар кумак расонида шудааст.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Қаҳҳорзода дар муроҷиати худ ба роҳбарият ва намояндагони Шӯрои иҷроияи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ доир ба аҳамияти ҷалби сармоягузории нави Фонд, хусусан маблағҳои грантӣ, ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон таъкид намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2