Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Август 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ дар нимсо ...


 
Архив новостей
Август 2019 (1)
Июль 2019 (11)
Июнь 2019 (19)
Май 2019 (8)
Апрель 2019 (17)
Март 2019 (4)
 
Пресс-релизы : Таҳия ва татбиқи лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав
 
Таҳия ва  татбиқи  лоиҳаи  Кодекси андози  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  таҳрири  нав

12 июли соли 2019 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гуруҳи корӣ  оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав баргузор гардид.

Дар ҷаласаи  корӣ  Давлаталӣ Саид муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Зариф  Ализода ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон  оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ,  Х.Исмоилзода  сардори  Раёсати  банақшагирии  стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, А.Қ.Наимӣ  сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  роҳбарони як қатор вазорату  кумитаҳо низ ширкат доштанд.

         Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ  муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид оғоз намуда, қайд намуд, ки  тибқи супориши  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шудааст, лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар таҳрири  нав  таҳия  ва татбиқ  намояд. Дар ин замина тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 20 июни соли 2019, № АП1236  Гуруҳи  корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таъсис  дода шудааст. 

Ҳамчунин, дар суханронии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид махсус  қайд  гардид, ки зимни  таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав манфиатҳои миллӣ, аз ҷумла  манфиатҳои  шахсии  субъектҳои   соҳибкорӣ  ва шаҳрвандон бояд ба инобат гирифта шаванд.  Зеро,  ҳадафҳои  гузошташуда тибқи Стратегия ва барномаҳои давлатӣ аз таъмини устувории рушди иҷтимоиву  иқтисодӣ, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ вобастагӣ дорад. Айни замон  низоми андоз дар асоси рукнҳои  бозоргонӣ ташкил дода шудааст ва ислоҳоти андозии қаблан анҷомдодашуда қадамҳои аввалин дар ташкили низоми андоз ҳисобида мешаванд.

Доир ба масъалаи мазкур  Вазири молия  Ф.Қаҳҳорзода, Вазири рушди иқтисод ва савдо Н.Ҳикматуллозода,  Вазири саноат ва технологияҳои  нав З.Файзуллозода,  раиси  Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва идораи  амволи давлатӣ Ф.Ҳамрализода ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Давлатзода  ибрози назар намуданд.

             Дар анҷоми ҷаласаи Гуруҳи корӣ   қарори дахлдор қабул карда шуд.

 

 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 2)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2