Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Август 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ дар нимсо ...


 
Архив новостей
Август 2019 (1)
Июль 2019 (11)
Июнь 2019 (19)
Май 2019 (8)
Апрель 2019 (17)
Март 2019 (4)
 
Пресс-релизы : Вазорати молия барои наврасон майдончаи варзишӣ бунёд намуд
 
Вазорати молия барои наврасон  майдончаи варзишӣ бунёд намуд

Тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017, таҳти рақами №74-ф ва Фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2017, №34 (банди 2), ҷиҳати таъмини иҷрои Нақша - чорабиниҳо оид ба сохтмони майдони варзишӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  ҳудуди   ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бунёду сохтмони  майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдаконро  мавриди баҳрабардорӣ  қарор дод.

Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ   Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кори  хайр саҳми худро гузоштааст. Сохтмони  чунин майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар  кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиев назди биноҳои истиқоматии рақами 34, 38, 44, 48 -и ноҳияи Сино  аз рӯи лоиҳа 4600 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Хонаҳои истиқоматии атрофи  майдонча рангубор гардонида шуда, инчунин,  назди ҳавлии ин хонаҳо гулзор ва кабудизор  карда шуданд.   Майдончаи варзишӣ дар муҳлати муқарраргардида,  бо сифати хубу замонавӣ  пешниҳоди Комиссияи корӣ гардид.


Вазорати молия барои наврасон  майдончаи варзишӣ бунёд намуд

 

13 июли соли 2019 муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода, муовини вазири молия Гулмуродзода К.Г, Раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Н.Ф.Салимзода, кормандони Вазорати молия ва дигар намояндагони ниҳодҳои давлатӣ аз корҳои анҷомшудаи майдончаи варзишӣ дидан намуда, онро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди бунёду сохтмони майдончаҳои варзишӣ, ки иборат аз майдончаи бозии кӯдакона, истироҳатгоҳи падару модарон ва пиронсолон, майдончаи бозии волейболу футбол ва баскетбол барои наврасон мебошад, дар беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии мардум мусоидат хоҳад кард.

 

 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2