Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Июль 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Семинар на тему «Итоги первой фазы и реализация второй ...
» Участие в Глобальной конференции ИПДО в Париже
» Таҳия ва татбиқи лоиҳаи Кодекси ан ...
» Эълон: Пешниҳоди таклиф барои лоиҳаи Кодек ...
» Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ...
» Баимзорасонии созишнома бо Бонки Авруосиёгии Рушд
» Баррасии ҳамкориҳо бо Президенти БАТР
» Баимзорасонии созишномаи грантӣ бо Агентии Япония ...
» Заседание Рабочей группы по разработке Стратегии финанс ...
» Вазорати молия барои наврасон майдончаи варзишӣ ...


 
Архив новостей
Июль 2019 (11)
Июнь 2019 (19)
Май 2019 (8)
Апрель 2019 (17)
Март 2019 (4)
Февраль 2019 (3)
 
Пресс-релизы : Баимзорасонии созишнома бо Бонки Авруосиёгии Рушд
 
Баимзорасонии созишнома бо Бонки Авруосиёгии Рушд

4 июли сли 2019 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии созишномаи қарзию грантӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди Авруосиёгии Стабилизатсия ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Барқарорсозии НБО Норак марҳилаи 1»  ба маблағи 40,0 млн. доллари ИМА ва барои маблағгузории лоиҳаи «Корвони саломатӣ» ба маблағи 2,0 млн. доллари ИМА байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёгии Рушд баргузор гардид.

Созишномаҳои болозикрро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва аз ҷониби Фонди Авруосиёгии Стабилизатсия ва Рушд директори иҷроияи блоки лоиҳавии Фонди Авруосиёгии Стабилизатсия ва Рушд Широков Андрей Германович ба имзо расониданд.

Ҳадафи асосии лоиҳаи «Барқарорсозии НБО Норак марҳилаи 1»  ин барқарорсозии се ҷузъи инфрасохтори энергетикии “НБО Норак”, баланд бардоштани самаранокии онҳо ва мустаҳкам намудани бехатарии сарбанди “НБО Норак” мебошад.

Арзиши умумии лоиҳа 350,0 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, маблағгузории он аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР) 57,8 млн. доллари амрикоӣ, қарзи имтиёзноки АБР 69,1 млн. доллари амрикоӣ, қарзи АБР  100,0 млн. доллари амрикоӣ, қарзи Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ 60,0 млн. доллари амрикоӣ ва қарзи Бонки Авруосиёии Рушд 40,0 млн. доллари амрикоӣ анҷом дода мешавад.

Маблағи умумии  лоиҳаи «Корвони саломатӣ»  2 060 000 доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 2 000 000 доллари амрикоӣ гранти маблағҳои Фонди Авруосиёгии Стабилизатсия ва Рушд ва 60 000 доллари амрикоӣ ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои пешбиншудаи соҳаи тандурустӣ мебошад.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Корвони саломатӣ” харидории мошинҳои сайёрӣ-мобилӣ, ки аз чор модул иборат аст ба нақша гирифта шудааст. Мошинҳои сайёрӣ-мобилӣ аз се маҷмӯаи тиббӣ ва автобуси вахтавӣ иборат буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили таҷҳизоти ренгтенӣ, флюрографӣ, ташхисӣ, стоматологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ таҷҳизонида шудаанд.

Мақсади асосии лоиҳа ин пешгирӣ ва ошкор намудани бемориҳо дар байни аҳолии деҳот ва маҳаллаҳои душвордастрас мебошад. Татбиқи лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки сатҳи сиҳатии аҳолии кишвар ва пешгирии гирифторшавии аҳолӣ ба маризиву бемориҳои мухталиф, инчунин баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа таъмин карда шавад.

 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 


 

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2