Санаи 25 июни соли 2019 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорат ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 22-юмин солгарди "Рӯзи Ваҳдати миллӣ" баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини якуми Вазири молия Каримзода Ҷамшед оғоз карда, қайд намуданд, ки боиси ифтихор аст, ки бо устуворӣ ва иродаи матини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуда, саҳифаи наверо дар таърихи давлатдории навини кишвар оғоз намуд. Ин санади тақдирсози сулҳ рамзи баҳамоӣ, ҳамдилӣ ва ҳамбастагии миллат, пирӯзии хирад ва тантанаи сулҳу субот гардида, дар амалӣ гардидани нақшаҳои бузург ва ҳадафҳои наҷиби минбаъда асос гузошт.
Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати иқдоми беназиру сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, буҷаи кишвар ғанӣ гардид ва ин боис шуд, ки сатҳи некўаҳволии аҳолии ҷумҳурӣ баланд ва зиндагии шоистаи онҳо таъмин гардад.
Дар аснои ҷамъомад ҳамчунин, сардори Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молия Саидзода Дилшод Мурод, сармутахассиси Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ Миршоҳид Ҳомидов ва дигарон роҷеъ ба санаи таърихӣ – Рӯзи Ваҳдати миллӣ фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Раёсати котиботи
Вазорати молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон