Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ва татбиқи босамари «Барномаи ҳамкории байни Тоҷикистону Чин» омили муҳими дастёбӣ ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод гардид.
Ҷонибҳо ба хотири идомаи равобити пурсамари шарикии стратегӣ, масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, маблағгузории лоиҳаҳои Тоҷикистон, бунёди паркҳо ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, рушди соҳаҳои гидроэнергетика бо истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, илм, маориф, фарҳангию гуманитарӣ, навоварӣ ва технологияро ҳамаҷониба баррасӣ карданд.
Ҳамкории муштарак бар зидди «се бадӣ» — терроризм, экстремизм ва сепаратизм, инчунин ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ, интиқоли маводи нашъадор ва киберҷиноятҳо, зарур шумурда шуд.
Зимни баррасии масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои низомиву техникӣ, таҳкими амнияти сарҳадот ва зерсохтори онҳо, омодасозии кадрҳои низомӣ, бо таҷҳизоти муосир, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар Қасри миллат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин маросими пардабардорӣ аз рӯи лоиҳаи биноҳои бунёдшавандаи Парламент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.
Сохтмони биноҳои Парламент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсоя бо маблағи 1,5 миллиард юани хитоӣ амалӣ карда мешавад.
Бинои Парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз — 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.
Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мешавад
Масоҳати қитъаи замини Маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 11 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13 ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегардад.
Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад.
Дар лоиҳаҳои бунёди биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намои онҳо бо истифодаи унсурҳои миллӣ бо санъати баланди меъмории муосир таҳия шуда, бо услуби хос, бо нақшу нигор мувофиқ сохта мешавад.
Ороиши ҳуҷраҳо, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва пештолорҳо бо нақшу нигори миллӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, шишабандӣ ва бо сангҳои табиӣ ороиш дода мешавад.