Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Июнь 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
Самое читаемое
» В Министерстве финансов Республики Таджикистан прошло з ...
» Об ҳамчун омили рушди иқтисодӣ ва амн ...
» Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳу ...
» Баррасии ҳамкориҳо бо Хазинаи Байналмилалии ...
» Дави миллӣ- тарғиби тарзи ҳаёти солим
» В Душанбе состоялось третье заседание Рабочей группы по ...
» Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳи ...
» Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷ ...
» Дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии То ...
» Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ...


 
Архив новостей
Июнь 2019 (16)
Май 2019 (8)
Апрель 2019 (17)
Март 2019 (4)
Февраль 2019 (3)
Январь 2019 (8)
 
Пресс-релизы : Дави миллӣ- тарғиби тарзи ҳаёти солим
 
Дави миллӣ- тарғиби тарзи ҳаёти солим

Бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани руҳияи ватандўстӣ, худшиносӣ, худогоҳии миллӣ тарбия намудани ҷавонон бахусус солимии ҷисмонии онҳо 19-уми майи соли 2019 мусобиқаи ҷумҳуриявии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки зиёда аз 50 ҳазор нафар баргузор гардид.

Иштирокчиёнро сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода шодбош гуфтанд.

Дар ин чорабинии варзишӣ тамоми ҷавононони касбу кори гуногун бахусус донишҷўёни муассисаҳои олии кишвар, кормандони вазорату идораҳои мамлакат ва сокинони пойтахт фаъолона ширкат намуда, бо хоҳиши худ ба масофаи 5 километр давиданд. Мусобиқа аз буриши кӯчаи Карамов оғоз гардида, тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то ба Муассисаи давлатии «Наврўзгоҳ»-и шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.

Саҳми кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас буда, дар ин чорабинӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Дави миллӣ бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2007, якшанбеи сеюми моҳи май, пешорўи Рўзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) ҳамасола дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар кишвар аст.

 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2