Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Июнь 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
Самое читаемое
» В Министерстве финансов Республики Таджикистан прошло з ...
» Об ҳамчун омили рушди иқтисодӣ ва амн ...
» Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳу ...
» Баррасии ҳамкориҳо бо Хазинаи Байналмилалии ...
» Дави миллӣ- тарғиби тарзи ҳаёти солим
» В Душанбе состоялось третье заседание Рабочей группы по ...
» Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳи ...
» Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷ ...
» Дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии То ...
» Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ...


 
Архив новостей
Июнь 2019 (16)
Май 2019 (8)
Апрель 2019 (17)
Март 2019 (4)
Февраль 2019 (3)
Январь 2019 (8)
 
Пресс-релизы : Об ҳамчун омили рушди иқтисодӣ ва амният дар Осиёи Марказӣ
 
Об ҳамчун омили рушди иқтисодӣ ва амният дар Осиёи Марказӣ

 

17 майи соли 2019 дар чаҳорчӯби 12-умин Форуми иқтисодии Остона, ки дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон ҷараён дошт, бо ибтикори Вазорати кишоварзии ин кишвар, Оҷонсии Швейтсар оид ба рушд ва ҳамкорӣ, ҳайати Иттиҳоди Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ ва Маркази байналмилалии арзёбии об нишасти хоса дар мавзӯи «Об ҳамчун омили рушди иқтисодӣ ва амният дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар нишасти мазкур, ки намояндагони баландмартабаи вазоратҳои калидии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва коршиносони байналмилалӣ ширкат варзиданд, масъалаҳои нуқтаи назар ва талаботи миллӣ ба идоракунии устувори захираҳои об дар сатҳи минтақавӣ муҳокима гардиданд.

Нишаст таҳти раёсати Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон Сапархон Омаров ва намояндаи хоси Швейтсарияи оид ба захираҳои об дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Гий Бонвэн гузаронида шуда, дар он намояндагони кишварҳои минтақа мавқеи давлаташонро вобаста ба мавзӯи мавриди назар баён доштанд.

              Аз ҷумла, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор зимни суханрониаш дар нишасти мазкур таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар тӯли ду даҳсолаи охир масъалаҳои истифодаи сарфакоронаи захираҳои обро дар доираи СММ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ мунтазам ба миён гузошта, ташаббускори ҳамаи қатъномаҳои роҷеъ ба оби Маҷмааи кулли СММ маҳсуб меёбад.

 


Об ҳамчун омили рушди иқтисодӣ ва амният дар Осиёи Марказӣ

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки маҳз бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 «Соли байналмилалии оби соф», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва ниҳоят солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардида, мақсад аз ин ташаббусҳо афзалият додан ба масъалаҳои об ва қабули тадбирҳои мушаххас  ҷиҳати ҳалли онҳо дар тамоми сатҳҳо мебошад.

             Ҳамин тариқ, нишасти мазкур иқдоми ҷиддие дар роҳи таҳияи нуқтаи назари умумӣ дар масъалаи таъмини амнияти об дар Осиёи Марказӣ гардид, ки тақвияти идоракунии захираҳои об дар сатҳи миллӣ ва ҳамкории мунтазам оид ба обҳои фаромарзӣ имконияти бархӯрдории манфиатҳои фаровонро барои ҳамаи кишварҳо дар асоси принсипҳои идораи муштараки захираҳои умумӣ фароҳам меорад. 


 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2