Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Июнь 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
Самое читаемое
» В Министерстве финансов Республики Таджикистан прошло з ...
» Об ҳамчун омили рушди иқтисодӣ ва амн ...
» Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳу ...
» Баррасии ҳамкориҳо бо Хазинаи Байналмилалии ...
» Дави миллӣ- тарғиби тарзи ҳаёти солим
» В Душанбе состоялось третье заседание Рабочей группы по ...
» Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳи ...
» Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷ ...
» Дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии То ...
» Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ...


 
Архив новостей
Июнь 2019 (16)
Май 2019 (8)
Апрель 2019 (17)
Март 2019 (4)
Февраль 2019 (3)
Январь 2019 (8)
 
Пресс-релизы : Мизи мудаввар зери унвони «Сиёсати рушди фарогир»
 
Мизи мудаввар зери унвони «Сиёсати рушди фарогир»

 

         Нимаи дуюми рӯзи 16 майи соли 2019 дар ҳошияи 12-умин Форуми иқтисодии Остона мизи мудаввари минтақавии роҳбарони бонкҳои марказӣ ва вазирони молияи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Муғулистон ва давлатҳо-аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таҳти унвони «Сиёсати рушди фарогир» баргузор шуд.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин ифтитоҳ бахшида, сипас мизи мудаввар таҳти раёсати роҳбари Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Кристин Лагард идома ёфт.

Дар аснои чорабинӣ аз ҷониби намояндагони кишварҳои иштирокчӣ масъалаҳои муҳими иқтисодию молиявӣ, аз ҷумла равона намудани даромадҳои кофӣ барои пӯшонидани хараҷоти иҷтимоӣ ва асосие, ки барои ҳавасмандкунии рушди фарогир зарур мебошанд, таҳкими бахши молиявӣ ва тағйири мусбати модели тиҷоратии бонкҳо ҷиҳати дастрасии васеъ барои хизматрасониҳо, беҳтар намудани фазои иқтисодӣ барои рушди бахши хусусӣ, диверсификатсия ва ташкили ҷойҳои корӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар мизи мудаввар роҷеъ ба мавзӯи мавриди назар суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар новобаста ба тасъсирҳои афзояндаи манфии омилҳои беруна устувор боқӣ мемонад. Дар тӯли 5 соли охир иқтисоди кишвар суръати рушди устуворро касб намуда, афзоиши ММД-ро ҳамасола дар сатҳи 7 фоиз таъмин менамояд.

Ҳамчунин дар аснои баромад зикр гардид, ки барои таъмини рушди фарогири кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ва бештар аз 100 барномаи давлатиро барои рушди бахшҳои иҷтимоию иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт, инфрасохтори коммуналӣ, беҳтарнамоии хизматрасонии тиббӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ислоҳоти сохторӣ ҷиҳати таҳкими фазои сармоягузорӣ татбиқ менамояд.

Вазири молия Ф.Қаҳҳорзода дар интиҳои суханрониаш рушди муносибатҳои ҳасанаи иқтисодии мутақобилан судмандро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон махсус қайд намуда, тазаккур доданд, ки танҳо дар соли гузашта байни ду кишвар бештар аз 5 чорабиниҳои тиҷоратӣ гузаронида шуда, дар натиҷа наздики 25 санади ҳамкорӣ, минҷумла 9 Созишнома, 1 Шартнома, 8 Ёддошти ҳусни тафоҳум ва 9 Созишномаи шарикӣ ба имзо расиданд.

            Инчунин дар ҷараёни вохӯриҳои Сарони ду давлат санади рушди муносибатҳои мутақобилаи тиҷоратӣ имзо шуданд, ки мутобиқи он ҳаҷми умумии гардиши савдо байни ду давлат дар соли 2020 бояд зиёда аз 500 млн. доллари ИМА-ро ташкил диҳад.

 


Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон


 

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2