Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Июнь 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
Самое читаемое
» В Министерстве финансов Республики Таджикистан прошло з ...
» Об ҳамчун омили рушди иқтисодӣ ва амн ...
» Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳу ...
» Баррасии ҳамкориҳо бо Хазинаи Байналмилалии ...
» Дави миллӣ- тарғиби тарзи ҳаёти солим
» В Душанбе состоялось третье заседание Рабочей группы по ...
» Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳи ...
» Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷ ...
» Дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии То ...
» Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ...


 
Архив новостей
Июнь 2019 (16)
Май 2019 (8)
Апрель 2019 (17)
Март 2019 (4)
Февраль 2019 (3)
Январь 2019 (8)
 
Пресс-релизы : 12-умин Форуми иқтисодии Остона
 
12-умин Форуми иқтисодии Остона

             16 майи соли 2019 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев 12-умин Форуми иқтисодии Остона ба кори худ шурӯъ кард. Бояд таъкид намуд, ки Форуми иқтисодии Остона чорабинии тиҷоратӣ буда, дар якҷоягӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон доир мегардад.  Дар чорабинии мазкур Президенти Арманистон Армен Саркисиян, Сарвазири Гурҷистон Мамука Бахтадзе, роҳбари Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Кристин Лагард, роҳбарони баландмартабаи соҳаҳои иқтисоду молия, инчунин зиёда аз 5 ҳазор нафар мутахассисон, сиёсатмадорон ва олимон аз 74 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

           Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми болозикр таҳти роҳбарии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор иштирок намуданд.

          Қобили тазаккур аст, ки Форуми иқтисодии Остона бори аввал соли 2008 бо ибтикори бевоситаи нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев доир гардида, баъд аз он мунтазам ҳамасола дар мавзӯъҳои мухталиф гузаронида мешавад. Дар доираи чорабиниҳои он масъалаҳои муҳими глобалии иқтисодию молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, тавсияҳои мушаххас оид ба таҳким ва рушди онҳо таҳия мегарданд.

         12-умин Форуми иқтисодии Остона соли ҷорӣ дар мавзӯи «Рушди таъсирбахш: аҳолӣ, шаҳрҳо, иқтисод» баргузор гардида, дар доираи он баррасии самтҳои нави рушди устувори иқтисодӣ, рушди сармояи инсонӣ, инчунин тақвияти иқтидори шаҳрҳо ба ҳайси марказҳои байналмилалии илм ва инноватсия аз мавзӯъҳои калидӣ маҳсуб меёфтанд.

         Мавриди зикр аст, ки дар Форуми мазкур бори аввал мизи мудавар бо ширкати вазирони молия ва мудирони бонкҳои марказии наздики 20 кишвари иштирокчии чорабинӣ ва ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти роҳбарии хонум Кристин Лагард баргузор гардид.


 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 1)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2