Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Июнь 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
Самое читаемое
» В Министерстве финансов Республики Таджикистан прошло з ...
» Об ҳамчун омили рушди иқтисодӣ ва амн ...
» Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳу ...
» Баррасии ҳамкориҳо бо Хазинаи Байналмилалии ...
» Дави миллӣ- тарғиби тарзи ҳаёти солим
» В Душанбе состоялось третье заседание Рабочей группы по ...
» Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳи ...
» Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷ ...
» Дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии То ...
» Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ...


 
Архив новостей
Июнь 2019 (16)
Май 2019 (8)
Апрель 2019 (17)
Март 2019 (4)
Февраль 2019 (3)
Январь 2019 (8)
 
Пресс-релизы : Коррупсия зуҳуроти хавфнок
 
Коррупсия зуҳуроти хавфнок

19 апрели соли 2019, дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати ҳуқуқи Вазорати молия ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кушод оид ба Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва бартараф намудани омилҳои ба содиршавии коррупсия мусоидаткунанда дар рафти таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо иштироки васеи кормандон баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод оғоз намуда, муқовимат ба коррупсияро қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, таҳия ва татбиқи онро иродаи олии сиёсии Роҳбарияти давлат маънидод намуд.

Қайд гардид, ки самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад. Зеро, коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст. Стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ баҳри тақвияти мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

Дар идомаи ҷаласа муовини сардори Раёсати экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои Сарраёсати пешгирии коррупсияи  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифӣ Дилшод Неъматзода, вобаста ба муҳтавои бандҳои Стратегияи муҳовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 инчунин, бартараф намудани омилҳои ба содиршавии коррупсия мусоидаткунанда дар рафти таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ баромад намуд.

Дар охир муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ ва бартараф намудани камбудиву норасоиҳо, сабабу шароитҳои ба қонунвайронкуниҳо мусоидаткунанда, ҷалб намуда, изҳор дошт, ки иҷрои сариваҳтии бандҳои дахлдори он таҳти назорати доимии роҳбарияти Вазорат қарор дорад.

Дар ҷаласа инчунин, сарнозирони раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони адлия Абдулмуъмин Абдулманонзода ва Суҳроб Ватанзода иштирок доштанд.

 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2