Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Июнь 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
Самое читаемое
» В Министерстве финансов Республики Таджикистан прошло з ...
» Об ҳамчун омили рушди иқтисодӣ ва амн ...
» Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳу ...
» Баррасии ҳамкориҳо бо Хазинаи Байналмилалии ...
» Дави миллӣ- тарғиби тарзи ҳаёти солим
» В Душанбе состоялось третье заседание Рабочей группы по ...
» Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳи ...
» Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷ ...
» Дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии То ...
» Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ...


 
Архив новостей
Июнь 2019 (16)
Май 2019 (8)
Апрель 2019 (17)
Март 2019 (4)
Февраль 2019 (3)
Январь 2019 (8)
 
Пресс-релизы : Машварати корӣ дар Раёсати молияи ноҳияи Мурғоб
 
Машварати корӣ дар Раёсати молияи ноҳияи Мурғоб

Дар Раёсати молияи ноҳияи Мурғоб-и ВМКБ, машварати корӣ бо муҳосибони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки тавассути низоми ягонаи хазинадории Раёсати молияи ноҳияи Мурғоб маблағгузорӣ мегарданд, доир гардид. Ҳадаф аз баргузории машварати мазкур, беҳтар намудани ҳолати баҳисобгирии муҳосибӣ, ба роҳ мондани ҳисоботҳои молиявӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ ва пешгирӣ намудани хароҷоти ғайримақсаднок ва беасос маҳсуб мегардад. Дар машварати корӣ 38 нафар муҳосибони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ иштирок доштанд.

Машварати кориро сардори Раёсати молияи ноҳия Эрназар Сатаров ифтитоҳ намуда, таваҷҷуҳи муҳосибонро ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалб намуд.

Ҳамчунин, дар ҳамоиш масъалаҳои иҷроиши буҷети маҳаллӣ дар соли 2018 ва буҷети тасдиқшуда барои соли 2019, ҳолати иҷроиши протоколи маҷлиси қаблии Раёсати молияи ноҳияи Мурғоб аз 28 марти соли 2018 бо муҳосибони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, баррасии натиҷаи санҷиши аудиторӣ ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти сардори Раёсати молияи ноҳияи Мурғоб, дар соли 2018 қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба 102,5% расонида шуда, аз ҳисоби даромадҳои худӣ дар ин давра маблағи 106841 сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ зиёд ворид гардидааст. Дар соли сипаригашта, аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузории мақсаднок (субвенсия) ба маблағи 18370350 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, маблағи 17838330 сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ ворид гардида, 97,1% иҷро гардидааст.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар соли 2018 бо ҳисоби тағйирот ба маблағи 22798865 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба маблағи 22413457 сомонӣ ё 98,0 % иҷро шудааст.

Буҷети ноҳияи Мурғоб барои соли 2019 аз рӯи даромад ба маблағи 4955000 сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 24693849 сомонӣ ва касри он ба маблағи 135196 сомонӣ тасдиқ карда шудааст. Буҷети ноҳия дар соли 2019 нисбат ба буҷети соли 2018 ба 9% ё ба маблағи 1964484 сомонӣ дар ҳоли афзоиш аст.

Дар раванди машварат сардори шӯъбаи хазинадорӣ А.Дубанаев, сармутахассис оид ба банақшагирии Буҷети давлатӣ Ғ.Ибраев ва як катор муҳосибони собиқадор ҷиҳати беҳбудии кор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа доштанд.

Машварати кории Раёсати молияи ноҳияи Мурғоб зимни баррасии масъалаҳои ба миёнгузошта, кормандони раёсат ва муҳосибони ташкилоту муассисаҳои буҷетиро вазифадор бинмуд, то ҷиҳати хубтару беҳтар ба роҳ мондани ҳолати баҳисобгирии муҳосибӣ, тибқи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ кардани ҳисоботҳои молиявӣ ва пешгирӣ намудан аз хароҷоти ғайримақсаднок чораҳои дахлдор андешанд.

Бояд қайд кард, ки минбаъд аз тарафи кормандони Раёсати молияи ноҳия барои муҳосибони нав таъйиншуда семинар машваратҳо оид ба омӯзиши низоми SGB-net ва тарзи пешниҳоди ҳисоботҳои молиявӣ мувофиқи стандартҳои байналмиллалӣ ташкил карда мешавад.

 

Раёсати котибот

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2