Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Июнь 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
Самое читаемое
» В Министерстве финансов Республики Таджикистан прошло з ...
» Об ҳамчун омили рушди иқтисодӣ ва амн ...
» Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳу ...
» Баррасии ҳамкориҳо бо Хазинаи Байналмилалии ...
» Дави миллӣ- тарғиби тарзи ҳаёти солим
» В Душанбе состоялось третье заседание Рабочей группы по ...
» Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳи ...
» Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷ ...
» Дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии То ...
» Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ...


 
Архив новостей
Июнь 2019 (16)
Май 2019 (8)
Апрель 2019 (17)
Март 2019 (4)
Февраль 2019 (3)
Январь 2019 (8)
 
Пресс-релизы : Ба Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» иловаҳо ворид гардид
 
Ба Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» иловаҳо ворид гардид

15 апрели соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор ва дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул зикр намуданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, бахусус дастгирии корхонаҳои соҳаи коркарди гандум, таъмини шароит барои рақобати солим байни чунин корхонаҳо ва амнияти озуқаворӣ дар кишвар, рушди минбаъдаи соҳаи футбол дар Тоҷикистон, инчунин таъмини саривақтии шаҳрвандон бо шиносномаҳои хориҷӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Дар охир аз рӯи масъалаи зикршуда қонун қабул гардида, вобаста ба он қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2019»

Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2018 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» (Ахбори Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2018, №11, мод. 683) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- ба қисми 1 пас аз калимаҳои «молҳои зераксизӣ)»  калимаҳои «, таҳвили он ба корхонаҳои коркарди гандум, инчунин фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардашуда» илова карда шуда, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудае, ки ҳангоми хариди (воридоти) дигар молу маҳсулоти (кору хизматрасониҳои) барои таҳвили минбаъдаи гандум ва (ё) коркард ва фурӯши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда истифодашаванда пардохта шудааст, наметавонад аз 10 фоиз зиёд бошад.»;

- қисмҳои 11 ва 12 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«11.

     Дар соли 2019 Федератсияи футболи Тоҷикистон, сохторҳои зертобеи он ба клубҳои футболи Тоҷикистон аз пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз воситаҳои нақлиёт ва, инчунин, мураббиён аз бозингарони хориҷӣ, ки барои рушди фаъолияти федератсия ва клубҳои футбол ҷалб карда мешаванд, аз пардохти андоз аз даромад озод карда мешаванд.

12. Дар соли 2019 воридоти бланкҳои шиносномаҳои дорои ҳомили электронии иттилоот, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, аз пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷи гумрукӣ озод карда мешавад.»

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                             Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе,19 апрели соли 2019, № 1604

 

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 15 апрели соли 2019, № 1313

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2