Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Июнь 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
Самое читаемое
» В Министерстве финансов Республики Таджикистан прошло з ...
» Об ҳамчун омили рушди иқтисодӣ ва амн ...
» Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳу ...
» Баррасии ҳамкориҳо бо Хазинаи Байналмилалии ...
» Дави миллӣ- тарғиби тарзи ҳаёти солим
» В Душанбе состоялось третье заседание Рабочей группы по ...
» Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳи ...
» Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷ ...
» Дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии То ...
» Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ...


 
Архив новостей
Июнь 2019 (16)
Май 2019 (8)
Апрель 2019 (17)
Март 2019 (4)
Февраль 2019 (3)
Январь 2019 (8)
 
Пресс-релизы : Маросими ҷамъбасти мусобиқа оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Наврӯз-2019”
 
Маросими ҷамъбасти мусобиқа оид ба футболи хурд  барои дарёфти “Ҷоми Наврӯз-2019”

19 апрели соли 2019 дар Доншгоҳи давлатии молия ва иқтисод маросими ҷамъбасти даври финалии мусобиқа оид ба футболи хурд миёни дастаҳои воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорат барои дарёфти “Ҷоми Наврӯз-2019” баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ, Муовини вазири молия, Маҷидӣ Юсуф Хайрулло баромад карда, қайд намуданд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур, ин пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни кормандони Вазорат мебошад.

Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи мазкур санаи 19 феврали соли 2019 дар майдончаи варзишии Федератсияи Тэквандои назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғоз шуда, 19 апрели соли 2019 дар майдончаи варзишии Донишгоҳи давлати молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷамбаст гардид. Дар чорабинии варзишӣ рақобат миёни 11 даста шуруъ гардид. Дастаҳо дар марҳилаи аввал давраи гурӯҳиро тай намуда, аз миёни онҳо танҳо 4 даста ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳхат ёфт.

Дар даври ниҳоӣ бошад, дастаи Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот” бо дастаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди майдони рақобат шуданд, ки дар натиҷа Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот” бо натиҷаи 2 бар 1 дастаи рақибашро шикаст дода, барандаи “Ҷоми Наврӯз-2019” гардид.

Баъд аз натиҷагирии ҳайати ҳакамон, ғолибони мусобиқа ҷойҳои зеринро касб намуданд.


Маросими ҷамъбасти мусобиқа оид ба футболи хурд  барои дарёфти “Ҷоми Наврӯз-2019”

Ҷой якум: Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”.


Маросими ҷамъбасти мусобиқа оид ба футболи хурд  барои дарёфти “Ҷоми Наврӯз-2019”

Ҷой дуюм: Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молия.

Ҷой сеюм: Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молия.

 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 2)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2