Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Апрель 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
 
Самое читаемое
» Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии То ...
» Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷики ...
» Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳури ...
» Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератс ...
» Ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ ва Ниш ...
» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомал ...
» Подписание Соглашений между Республикой Таджикистан и Е ...
» Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷум ...
» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомал ...
» Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ...


 
Архив новостей
Апрель 2019 (10)
Март 2019 (4)
Февраль 2019 (3)
Январь 2019 (8)
Декабрь 2018 (13)
Ноябрь 2018 (14)
 
Пресс-релизы : Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд

 

16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Федератсияи Россия бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муҳимияти шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия, ҳамгироии байнидавлатӣ дар доираи кори Комисссияи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва Ассамблеияи байнипарлумонии ИДМ таъкид карда шуд ва муносибатҳои байнипарлумонӣ асоси маҷмуи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Россия арзёбӣ гардид.

Доир ба рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат,ҳамкориҳои гуногунҷанба байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Россия, ҷалби бештари сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои манфиатбори дуҷониба дар соҳаҳои илму техника, фарҳангу иттилоот, тайёр кардани кадрҳои баланихтисоси соҳаи маориф ва забономӯзӣ табодули афкори судманд баргузор шуд.

Дар мулоқот барои дарёфти роҳҳои нави рушди ҳакориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии Тоҷикистон ва масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

Ҷонибҳо ҳамзамон масоили марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, роҳу услуҳои нави тақвияти мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.


 

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2