Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Апрель 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
 
Самое читаемое
» Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии То ...
» Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷики ...
» Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳури ...
» Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератс ...
» Ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ ва Ниш ...
» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомал ...
» Подписание Соглашений между Республикой Таджикистан и Е ...
» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомал ...
» Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷум ...
» Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ...


 
Архив новостей
Апрель 2019 (10)
Март 2019 (4)
Февраль 2019 (3)
Январь 2019 (8)
Декабрь 2018 (13)
Ноябрь 2018 (14)
 
Пресс-релизы : Сарвазири мамлакат дар ифтитоҳи якчанд иншоот дар вилояти Хатлон иштирок намуд
 
Сарвазири мамлакат дар ифтитоҳи якчанд иншоот дар вилояти Хатлон иштирок намуд

Санаи 10 апрели соли ҷорӣ аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як зумра бинову иншооте, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегарданд, ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сафар кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Тавре иттилоъ дода мешавад, зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар деҳаҳои Гулобод ва Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳҳо дидан намуданд.

Дар деҳаҳои Гулобод ва Меҳнатобод мутаносибан 1,8 км ва 3,4 км роҳ мумфарш гардида, дар шафати онҳо пояҳои равшаннамоию чароғонкунӣ насб шудаанд. Ҳамчунин дар шафати масофаҳои мумфаршгардида пиёдароҳ ва ҷӯйборҳои обгузар таъмир гардидаанд. Ҳаҷми маблағи корҳои сохтмонӣ 6 млн. 240 ҳазор сомониро дар бар гирифта, зимни корҳои навсозӣ зиёда аз 70 нафар коргарон ҷалб ва бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Ҳамчунин дар деҳаи Меҳнатобод бо иштироки Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд. Маркази мазкур аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ва нуқтаи шустушӯи мошинҳо ва қолинҳо иборат мебошад.

Масоҳати маркази хизматрасонӣ 220 метри мураббаъ буда, бо харҷи 110 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Ёқуб Достиев сохта шудааст, ки дар он 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Имрӯз инчунин Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ дар деҳаи Пушкини Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи мазкур оғози расмӣ бахшиданд.

Ҳангоми шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки масоҳати корхона 2304 метри мураббаъ буда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Корхонаи мазкур бо харҷи 2,595,720 сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ҷиёнхон Мирзоев сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он то 2 ҳазор адад халтаи полиэтиленӣ дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад. Дар он зиёда аз 40 нафар сокинони деҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон дар маросими ба истифодадиҳии майдончаи варзишӣ иштирок намуданд. Масоҳати майдонча 1464 метри мураббаъ буда, атрофи он бо панҷараҳо маҳкам мебошад. Майдончаи мазкур бо харҷи 180 000 сомонӣ аз тарафи соҳибкор Абдуҷаббор Хушвахтов сохта шудааст.

Дар ин ҷо зимни суҳбат бо варзишгарон зикр гардид, ки бунёди иншооти варзишии муосир барои солимгардонии шаҳрвандон мусоидат намуда, нишондоди варзишгаронро дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ беҳтар мегардонад.


 

Сарвазири мамлакат дар ифтитоҳи якчанд иншоот дар вилояти Хатлон иштирок намуд

Қоҳир Расулзода ҳамчунин имрӯз дар деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маркази саломатӣ, майдончаи варзишӣ, маркази хизматрасонӣ ва савдоро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Масоҳати бинои маркази саломатӣ 586 метри мураббаъ буда, бо тарҳи замонавӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бино аз 9 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон иборат буда, ҳаҷми маблағи сохтмони он зиёда аз 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маркази саломатии мазкур аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ Зоир Мирзоалиев ва Шералӣ Қурбонов сохта шуда, ба аҳолӣ тақдим гардид. Дар он 21 нафар сокинони деҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Маркази хизматрасонӣ ва савдо бо харҷи 70 000 сомонӣ аз тарафи соҳибкор Аслам Одинаев сохта шуда, 5 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Майдончаи варзишӣ дар масоҳати 800 метри мураббаъ бунёд гардида, бо харҷи 100 000 сомонӣ аз тарафи соҳибкор Раҳмоналӣ Шарифов сохта шудааст.

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2