Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Апрель 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
 
Самое читаемое
» Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии То ...
» Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷики ...
» Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳури ...
» Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератс ...
» Ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ ва Ниш ...
» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомал ...
» Подписание Соглашений между Республикой Таджикистан и Е ...
» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомал ...
» Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷум ...
» Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ...


 
Архив новостей
Апрель 2019 (10)
Март 2019 (4)
Февраль 2019 (3)
Январь 2019 (8)
Декабрь 2018 (13)
Ноябрь 2018 (14)
 
Пресс-релизы : Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ аҳли кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷашнвораи миллиро бо як шукуҳу шаҳомати хосса ва расму русуми миллӣ истиқбол намуданд.

    Дар ҷамъомади тантанавӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор суханронӣ намуда, ҳамагонро бо иди баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфта, изҳор доштанд, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Наврӯз шукуҳу таҷаллии тоза пайдо карда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни бузург ба худ мақоми байналмилалӣ касб кард. Барои мо боиси ифтихору сарфарозист, ки ҷашни қадимаю суннатии мардуми тоҷик – Наврӯз дубора эҳё гардида, чанд сол инҷониб дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.


Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ин ҷашни бузург аз оғози айёми эҳёи табиат мужда расонида, ба ҳар як хонадон нишоту хуррамӣ ва рафоқату саодат эҳдо менамояд.

  

Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Дар идомаи суханронӣ Вазири молия иброз доштанд, ки «Анъана ва суннатҳои неки Наврӯзӣ аз қарни таърих ҳамчун иди пуршукуҳ ва шоиставу некӣ то ба даврони мо омада расидаанд. Таҷлили Наврӯзи аҷам ба мардум некиву покизагӣ, хушбахтӣ ва ба дастурхони ҳар хонадон файзу баракат ато намуда, ризқу рӯзии пиру барноро меафзояд ва ба кишоварзон кушоиши кору ҳосили фаровон мебахшад».

Ҳамзамон, дар ин чорабинии пуршукуҳ аз ҷониби Сарраёсат, раёсату шуъбаҳо ва муассисаҳои зертобеи Вазорати молия ташкили намоиши гулу парандаҳои хушхон, анъанаҳои ниёгон, озмунҳои «Арӯси замонавӣ», «Беҳтарин хони наврӯзӣ», «Беҳтарин қироъати шеърӣ» ва дигар озмунҳои мухталиф, пешкаши ҳамагон гардид.

    Дар охири чорабинии тантанавӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, Наврӯзи оламафрӯзро ҳамчун як рукни худшиносии миллӣ, василаи муҳимми пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза, эҳёи анъанаҳои зебопарастӣ, рамзи дӯстию рафоқат маънидод карда, ба ҳама кормандони мақомоти молия, саломатӣ, хушбахтӣ ва дар корҳои ҳамарӯзаашон муваффақиятҳо таманно намуданд.

 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 3)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2