Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Март 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
Самое читаемое
» Тағйироти кадрӣ дар мақомоти молияи к ...
» Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ...
» Баррасии масъалаҳои маблағгузории хавфx ...


 
Архив новостей
Март 2019 (1)
Февраль 2019 (3)
Январь 2019 (8)
Декабрь 2018 (13)
Ноябрь 2018 (14)
Октябрь 2018 (11)
 
Пресс-релизы : Натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ дар соли 2018 назаррасанд
 
Натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ дар соли 2018 назаррасанд

Санаи 15 феврали соли 2019 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Васоити ахбори оммаи кишвар, нишасти матбуотӣ “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ ва иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018” доир гардид.

Нишасти матбуотиро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ифтитоҳ намуда, аз натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ ва иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо оид ба рушди самараноки идораи молияи давлатӣ дар соли 2019, ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф иброз намуданд, ки «Соли 2018 сиёсати идоракунии молияи давлатӣ барои татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномаҳои соҳавии кишвар, иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ба буҷет ва дар ин замина таъмини рушди бомароми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, равона гардид».

Дар нишаст қайд гардид, ки дар соли 2018 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар дар соли ҳисоботӣ ба 68,8 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати рушди воқеии он 107,3 фоизро ташкил дод. Дар қиёс нисбат ба соли 2017 саноати кишвар 11,8 фоиз, кишоварзӣ 4,0 фоиз, гардиши савдо 15,4 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 7,8 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 6,3 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ба андозаи 2,1 фоиз таъмин карда шуд.


Натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ дар соли 2018 назаррасанд

Бино ба маълумоти пешниҳодгардида, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 4222,9 млн. долл. амрикоӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017 ба маблағи 249,8 млн. долл. амрикоӣ ё 6,3 фоиз зиёд мебошад.

Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ ба 25,4 фоиз ё маблағи 1073,3 млн. долл. амрикоӣ баробар гардид, ки дар муқоиса ба соли 2017, 124,4 млн. долл. амрикоӣ ё 10,4 фоиз кам мебошад.

Индекси нархҳои истеъмолӣ, яъне меъёри таваррум нисбат ба моҳи декабри соли 2017 ба 5,4 фоиз баробар гардид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2017 ба андозаи 1,3 банди фоизӣ кам мебошад.

Мутобиқи маълумоти пешниҳодгардида, дар соли 2018 ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ бо дарназардошти қарзу грантҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 23,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки ин ба 100,3 фоизи нақшаи аниқшуда, баробар мебошад.

Воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 71,4 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли 2017 ба миқдори 3,8 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ 10,5 млрд. сомонӣ ё баробар ба 100,6 фоизи нақша маблағ ворид гардид. Афзоиши нишондиҳандаи мазкур нисбат ба нақшаи пешбинишуда 63,0 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли 2017, 950,8 млн. сомониро ташкил дод.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет 4,9 млрд. сомонӣ ворид ва иҷрои нақша дар сатҳи 101,2 фоиз таъмин гардид, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ нисбат ба нақша 55,5 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли 2017 455,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба маблағи 1,7 млрд. сомонӣ иҷро гардидааст, ки ба 102,6 фоизи нақша баробар мебошад. Ҳаҷми воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 44,2 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли 2017, 152,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли сипаришуда тибқи созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи татбиқи Барномаи рушди нерӯи инсонӣ 2 аз ҳисоби маблағҳои Иттиҳоди мазкур маблағи грантӣ барои дастгирии буҷет дар ҳаҷми 9,3 млн. евро ҷалб карда шуд.

Дар соли 2018 қисми хароҷоти Буҷети давлатӣ дар доираи даромадҳои воқеии буҷет ба роҳ монда шуда, ба иқтисоди кишвар зиёда аз 24,1 млрд. сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба соли 2017 ба маблағи 1,9 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин, хусусияти иҷтимоии Буҷети давлатӣ низ нигоҳ дошта шуда, барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 10,4 млрд. сомонӣ равона гардид.

Барои таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла барои пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 4,8 млрд. сомонӣ, идрорпулӣ 84,2 млн. сомонӣ, нафақа 2,5 млрд. сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо дар ҳаҷми умумии 244,0 млн. сомонӣ пешбинӣ ва пардохт карда шуд.


Натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ дар соли 2018 назаррасанд

Дар идомаи суханронӣ Вазири молия муҳтарам Файзиддин Қаҳҳорзода Саттор афзуд, ки дар соли 2018 бо мақсади ҷалби маблағҳои иловагӣ барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ густариш ёфта, барои амалӣ намудани 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ 15 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи умумии 402,6 млн. долл. ИМА ба имзо расонида шуд, ки 62,5 фоизи он маблағҳои грантиро ташкил медиҳад.

Дар доираи созишномаҳои ба имзо расонидашуда, барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, аз ҷумла тандурустӣ 35,2 млн. долл. ИМА, хоҷагии манзилию коммуналӣ 45,8 млн. долл. ИМА, кишоварзӣ 78,5 млн. долл. ИМА, энергетика 88,0 млн. долл. ИМА ва нақлиёту коммуникатсия 142,2 млн. долл. ИМА маблағҳои иловагӣ пешбинӣ гардид.

Дар соли ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои таъмини фаъолияти сиёсати берунаи кишвар, аз ҷумла пардохти аъзоҳаққиҳои ҷумҳурӣ дар созмонҳои байналхалқӣ 54,7 млн. сомонӣ ва барои иштироки ҷумҳурӣ дар сохторҳои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дигарҳо созмонҳо 27,4 млн. сомонӣ пардохт гардид. Уҳдадориҳои молиявии давлат дар назди созмонҳои байналмилалии сиёсӣ ва молиявӣ, аз рӯи нақшаи муқарраршуда пурра таъмин карда шуд.

Баъд аз суханронии Вазири молия рўзноманигорон ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар нишасти матбуотӣ сардорони Сарраёсату раёсатҳо, сохторҳои зертобеи вазорат ва сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аъламхон Қодириён иштирок доштанд.

 

Раёсати котиботи

Вазорати молия

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 1)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2