16 январи соли 2019 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи васеи мушовараи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти молиявӣ ва иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳои минбаъда оид ба рушди самараноки идоракунии молияи давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 доир гардид. Ҷаласаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор оғоз намуда, изҳор дошт, ки маҷлиси мушовара фарогири ҷамъбасти фаъолияти молиявӣ ва иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳои минбаъда оид ба рушди самараноки идоракунии молияи давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2019, тасдиқ намудани Нақшаи кории Мушовараи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2019 мебошад.
Роҷеъ ба ҷамъбасти фаъолияти молиявӣ ва иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳои минбаъда оид ба рушди самараноки идоракунии молияи давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2019, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадзода маърӯза намуданд.
Баъдан, ҳисоботи як қатор роҳбарони мақомоти молияи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар ташкилотҳои зерсохтори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни натиҷаҳои фаъолият дар соли 2018 ва вазифаҳои навбатӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 бо назардошти мулоҳиза ва пешниҳодҳои зикргардида, қабул гардид.
Дар ҷамъбасти кори мушовара Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, оид ба иҷрои босифати Буҷети давлатӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 ба кормандони масъули Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, ки сарфи назар аз мушкилоти дарпешистода, ҳамагонро лозим аст то дар татбиқу иҷрои вазифаҳои гузошташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саъйю талош намоянд.
Дар ҷаласа ҳамчунин, сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ, муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Аюбҷон Маъруф, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Шерализода, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Орзу Ҳусейн, муовини раиси БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Амирҷон Саидзода ва намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо Дониёр Норматов иштирок доштанд.
Раёсати котиботи
Вазорати молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон