Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Февраль 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
 
 
Самое читаемое
» Таъиноти кадрӣ
» Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис ...


 
Архив новостей
Январь 2019 (8)
Декабрь 2018 (13)
Ноябрь 2018 (14)
Октябрь 2018 (11)
Сентябрь 2018 (21)
Август 2018 (8)
 
Пресс-релизы : Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ "Молия"–и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ "Молия"–и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

15 январи соли 2019 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия”-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид, ки фарогири масъалаҳои зерин буд:

1. Омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018;

2. Омӯзиши "Одобномаи корманди ҳизбӣ" дар ташкилотҳои ибтидоии ноҳияи Шоҳмансур;

3. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии «Молия» «Дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2018;

4. Аз нав интихоб кардани раиси ташкилоти ибтидоии «Молия» ва супоридани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба нафарони тоза ба сафи ҲХДТ пайвастшуда.


Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ "Молия"–и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар кори маҷлис вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Абдуалимов ва Лутфия Раҷабова инчунин, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахсут, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Баҳром Абдуалимов, вобаста ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳадафҳои сатратегии Ҳукумати кишвар ба тадриҷ татбиқ гардида, имсол низ бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, агрегати аввали НБО “Роғун” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, доир ба таъмири дигар нерӯгоҳҳои барқии обии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ, солимии миллат ва ҳифзи генофонди миллӣ, дарозумрии сокинони кишвар ва роҷеъ ба ҳадафи чоруми давлату Ҳукумати Тоҷикистон инчунин, раванди саноатикунонии мамлакт ва гузариш аз кишвари аграрӣ ба саноатӣ-аграрӣ, индустриякунонии мамлакат ибрози андеша намуданд.

Дар идомаи маҷлис Лутфия Раҷабова, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бахши иҷтимоии Паёми Сарвари давлат ибрози назар намуда, қайд намуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ва дастгирии доимиашон дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар муассисаҳои наву замонавӣ мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд ва ин раванд идома ёфта истодааст. Ҳамзамон, мавсуф вобаста ба бунёди ҷойҳои нави корӣ, паст кардани сатҳи муҳоҷират, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибрози андеша кард. Зикр гардид, ки яке аз самтҳои ҷолибу фарқкунандаи Паёми Президенти Тоҷикистон некӯаҳволии халқи кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, саломатӣ, фарҳангу маърифат ва ободиву озодии ӯст.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, оид ба тавзеҳ ва риояи одобномаи корманди ҳизб ибрози назар карда, афзуд, ки дар маҷлиси Кумитаи марказии ҲХДТ раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки одобномаи зикргардида ба тасвиб расонида шавад. Ҳамзамон, бобати татбиқи босамари бандҳои он ҷиҳати доштани садоқат ба Ватан, дастгирии сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи ватанпарастӣ ва шахсияти комили меҳанпараст ва намунаи ибрати дигарон будан дар ҷомеа ибрози андеша намуданд.

Аз рӯйи масъалаи сеюм раиси ташкилоти ибтидоии «Молия» Тоҳир Сафаров, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2018 ҳисобот дода, қайд кард, ки «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» барои ташкилоти ҳизб марҳилаи пешравию дастовардҳо, таҳкими интизоми ҳизбӣ ва баланд бардоштани малакаву маҳорати касбӣ  ва фаъолияти пурсамар буд. Дар давоми соли сипаригардида, ташкилоти ибтидоии “Молия” маъракаи муҳимми сиёсии обунаро ба рӯзномаҳои сиёсии ҳизбӣ саривақт анҷом дода, дар самти роҳандозии ҳадафҳои барномавӣ ва баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа саҳми худро гузоштааст.

Дар охири ҷаласа Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо пешниҳоди аксарияти аъзоёни ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” интихоб гардид ва муовину котиби ташкилоти мазкур дар ҳамовозӣ интихоб гардиданд. Ҳамзамон, дар фазои тантанавӣ ба нафароне, ки тоза ба сафи ҲХДТ пайваст шуданд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 3)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2