Бо ташаббус ва ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, бори аввал миёни кормандони вазорату идораҳо ва касбу кори гуногун аз 15 то 18-уми декабри соли 2018 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тенниси рӯи миз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тенниси рӯи миз дӯстдорони ин риштаи варзишро аз 20 муассисаву корхона ва идораву вазоратҳои кишвар ба ҳам овард. Рақобатҳо се рӯз байни мардон ва занон сурат гирифта, аз Вазорати молия байни мардон Шаҳбоз Шоев – сардори шуъбаи Сарраёсати буҷети давлатӣ, Абубакр Холиқов, сармутахассиси Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатӣ, Фаррух Комилзода, сармутахассиси Раёсати буҷети мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Меҳроби Маҳмадализода, мутахассиси Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатӣ иштирок ва қувваозмоӣ намуданд.
Ҳамзамон, байни занон Зулфия Муқимова, сармутахассиси Раёсати буҷети мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Марҷона Шарипова, мутахассиси Сарраёсати сиёсати буҷет дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, Гулрухсор Ҳоҷиева, мутахассиси раёсати корҳо иштирок намуданд.
Иштирокчиёни ин мусобиқа дар намудҳои инфиродӣ, даставӣ миёни занҳо ва мардон, омехта ва ҷуфтӣ байни ҳам рақобат намуданд.
Мақсад аз баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ, пеш аз ҳама барои тарғибу ташвиқи тенниси рӯи миз байни кормандони вазорату идораҳо, тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни кормандон, инчунин, ба варзиш ҷалб намудани онҳо ва дар маҷмуъ барқарор намудани қобилияти корӣ байни ҷомеа мусоидат хоҳад кард.
Ҷараёни баргузории чорабинии мазкур нишон дод, ки шавқмандони ин намуди варзиш дар Тоҷикистон кам нестанд ва аз ташкили чунин як ҷамъомади солимгардонӣ изҳори хушнудӣ намуда, ҳунару маҳорати худро санҷиданд.
Дар баробари дигар иштирокчиёни мусобиқа миёни занҳо аз Вазорати молия Зулфия Муқимова барои ишғол намудани ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва 4 диплом, сипоснома, медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сазовор гардид.
Баъд аз анҷоми рақобатҳо, дар тамоми навъҳои мусобиқа ғолибон низ муайян гардида, дар вазъияти
тантанавӣ бо ҷом, медал ва ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Дар интиҳо гуфта шуд, ки масъулони варзиши кишвар аз ин баъд чунин мусобиқаҳоро натанҳо миёни кормандони касбу кори гуногун аз рӯи риштаи теннис, балки дигар намудҳои варзиш низ баргузор хоҳанд кард.
Раёсати котиботи
Вазорати молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон