Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Декабрь 2018    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар ...
» Нақши зан – Модар дар танзими анъана ва ҷаш ...
» Баррасии одоби хизматчии давлатӣ
» Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳ ...
» Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии То ...
» Подписание Грантового Соглашения по проекту «Водоснабже ...
» Нақши занони молиячӣ дар рушди кишвар
» Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии То ...
» Пешвои миллат як қатор тағйироти кадрӣ ...


 
Архив новостей
Декабрь 2018 (1)
Ноябрь 2018 (14)
Октябрь 2018 (11)
Сентябрь 2018 (21)
Август 2018 (8)
Июль 2018 (6)
 
Пресс-релизы : Нақши занони молиячӣ дар рушди кишвар
 
Нақши занони молиячӣ дар рушди кишвар

30 ноябри соли 2018  тибқи Нақша - чорабинии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Шӯрои занони вазорат рӯнамоӣ (презентатсия) дар мавзӯи «Зани молиячӣ – хизматчии давлатӣ дар рушди кишвар» баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадзода ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки нақши фаъолияти Шӯрои занон дар Вазорати молия, назаррас буда, ҷиҳати риояи дурусти либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон инчунин, Кодекси одоби  хизматчии  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар назди Шӯрои занон аст.

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали Роҳбари давлат таъйин шуданашон, ба саҳму нақши занони ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардаанд.

3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расида буд, ки бо амалӣ гаштани он мақому манзалати Зан-Модар дар ҷомеа баланд гардид. Маҳз иқдому ибтикори Сарвари давлат аст, ки имрӯз занону бонувони тоҷик  дар мансабҳои гуногуни давлатӣ, бахусус дар соҳаи молия бомуваффақона кору фаъолият дошта, дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар саҳми арзанда доранд.


 

Нақши занони молиячӣ дар рушди кишвар

Сипас, муовини Раиси Шӯрои занони Вазорати молия ва Сармуҳаррири Идораи маҷаллаи “Молия ва ҳисобдорӣ”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Момогул Шодиева  маърӯза намуда, қайд намуданд, ки Шӯрои занон дар ҷамъи занону бонувони Вазорати молия ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат ва пешбурди фаъолонаи соҳаи молия аз худ пешдастиву кордонӣ нишон дода боиси ифтихор ва сарфарозии кормандони мақомоти молияи ҷумҳурӣ гардидааст. Имрӯз 50 фоизи кормандони вазоратро занон ташкил дода, онҳо дар вазифаҳои масъули роҳбарикунанда, аз ҷумла муовини вазир, сардори Раёсати молияи шаҳру ноҳия, муовинони сардори Сарраёсату раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, Сарраёсату раёсатҳои вилоятҳо ва роҳбарии ташкилотҳои ҷумҳуриявии тобеи  вазорат  адои  вазифа  менамоянд.

Ҳамзамон, дар ҷамъомад сардори шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавоҳир Акобирова, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Буриев ва сармутахассиси Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Пирова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2