Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Декабрь 2018    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар ...
» Нақши зан – Модар дар танзими анъана ва ҷаш ...
» Баррасии одоби хизматчии давлатӣ
» Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳ ...
» Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии То ...
» Подписание Грантового Соглашения по проекту «Водоснабже ...
» Нақши занони молиячӣ дар рушди кишвар
» Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии То ...
» Пешвои миллат як қатор тағйироти кадрӣ ...


 
Архив новостей
Декабрь 2018 (1)
Ноябрь 2018 (14)
Октябрь 2018 (11)
Сентябрь 2018 (21)
Август 2018 (8)
Июль 2018 (6)
 
Пресс-релизы : Баррасии одоби хизматчии давлатӣ
 
Баррасии одоби хизматчии давлатӣ

4 декабри соли равон дар Вазорати молия ҷамъомад бахшида ба риояи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро Муовини Вазир Ҷамшед Нурмаҳмадиён ифтитоҳ карда, қайд намуданд, ки Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатиро, ки сифатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъиятро нисбат ба хизматчии давлатӣ танзим менамояд, дарбар мегирад.

Яъне риояи ҳар як талаботе, ки дар муҳтавои ин санади меъёрии ҳуқуқӣ дарҷ гардидааст, барои хизматчии давлатӣ ҳатмӣ мебошад. Зеро кодекси мазкур ифодагари масъулияту маърифати баланди ҳар як хизматчии давлатӣ буда, дар фаҳмишу дарки дурусти масоили сиёсию иҷтимоӣ, нақши муассир дорад.


Баррасии одоби хизматчии давлатӣ

Ҳамзамон таъкид гардид, ки Комиссияи одоби хизматчии давлатии Вазорати молия тибқи нақшаи чорабиниҳои ҳар сол таҳияшаванда фаъолияташро ба роҳ монда, вобаста ба риояи ҳатмии муқаррароти кодекси мазкур раванди фаъолияти кории кормандонро мунтазам таҳти назорат қарор медиҳад.

Инчунин қайд гардид, ки ҷамъомади имрўза низ тибқи нақшаи таҳиягардида баргузор шуда, риояи муқаррароти Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ назорат карда мешавад.

Дар аснои ҷамъомад директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молия Султонзода Зебонисо, мутахассиси Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ Ҳомидов Миршоҳид ва дигарон доир ба масъалаи мазкур ибрози назар намуданд.

 

Раёсати котиботи  

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 3)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2