Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Декабрь 2018    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар ...
» Нақши зан – Модар дар танзими анъана ва ҷаш ...
» Баррасии одоби хизматчии давлатӣ
» Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳ ...
» Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии То ...
» Подписание Грантового Соглашения по проекту «Водоснабже ...
» Нақши занони молиячӣ дар рушди кишвар
» Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии То ...
» Пешвои миллат як қатор тағйироти кадрӣ ...


 
Архив новостей
Декабрь 2018 (1)
Ноябрь 2018 (14)
Октябрь 2018 (11)
Сентябрь 2018 (21)
Август 2018 (8)
Июль 2018 (6)
 
Пресс-релизы : Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» қабул гардид
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» қабул гардид

23 ноябри соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд, ки дар он як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ ва муҳокима гардиданд.

Вакилони мардумӣ дар оғози иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020-2021- ро баррасӣ намуданд.

Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди вакилони мардумӣ вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, вакилони мардумӣ Ҷобирзода Тоҳир, Латифзода Рустам, Миралиён Қиёмиддин, Қурбонзода Ҳилолбӣ, Сироҷов Шарофиддин, Нидозода Ҳусейн, Қудратов Рустам, Шамсидинзода Мавзуна, Усмонзода Саидҷаъфар, Ахмедов Мирзоанвар баромад намуда, иброз намуданд, ки мавриди таҳияи буҷети давлатӣ пеш аз ҳама ҳадафҳои афзалиятноки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 зикршуда, дастуру супоришҳо аз вохӯриҳояшон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва он вазифаҳое, ки аз рӯи стратегия ва барномаҳои миллӣ, дигар қарору барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодҳои аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар доираи имкониятҳои молиявӣ дархостҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба инобат гирифта шудааст.

Дар таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз рӯи афзоиши воқеӣ ба андозаи 7,6 фоиз ба маблағи 78,2 млрд. сомонӣ, индекси дефлятори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 4,5 фоиз, меъёри таваррум 6,3 фоиз ва қурби миёнаи солонаи пули миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ 9,7 сомонӣ дар асоси дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ба маблағи 23774,1 млн.сомонӣ ё 30,4 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба буҷети соли 2018 ба андозаи 13,2 фоиз ё 2771,0 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Сиёсати хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2019 пеш аз ҳама бо мақсади рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сифати некуаҳволӣ, таъмини бехатарии давлат ва бехатарии озуқаворӣ, баланд бардоштани сифати таълиму хизматрасонӣ, беҳтар гардонидани саломатии аҳолӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла маблағгузории соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти идоракунӣ, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ равона карда мешавад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 24165,1 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 30,9 фоизро ташкил дода, нисбати буҷети соли 2018 ба маблағи 2827,7 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020-2021 баъди саволу ҷавобҳои вакилон, музокираҳо ва модда ба модда қабул гардидани он аз ҷониби вакилони мардумӣ якдилона қабул қарда шуд.

Масъалаи дуюм ва сеюми рӯзномаи иҷлосия- лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2020-2021 ва лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва давраи миёнамуҳлатро ба вакилони мардумӣ вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, Ҷобирзода Тоҳир баррасӣ намуда, вакилони мардумӣ аз рӯи ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар ичлосия ҳамчунин Созишномаи қарзӣ (47253) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдидва Рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии Қайроққум бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим», Созишномаи грантӣ (47253) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдидва Рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии Қайроққум бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим», Созишномаи лоиҳавӣ (47253) байни Ширкати Саҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдидва Рушд оид ба лоиҳаи«Азнавсозии Неругоҳи барқи обии Қайроққум бомақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим», Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии ӯзбекистон, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ҳамаҷониба қарор гирифта, вакилони Маҷлиси намояндагон Созишномаҳои мазкурро ба тасвиб расониданд.

Созишномаҳои мазкурро ба вакилони Маҷлиси намояндагон вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Зоҳир, муовини аввали раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Асозода Маҳмадумар, вакилони мардумӣ Салимзода Олим, Мансурӣ Дилрабо, Шарифӣ Фирӯза муарифи намуданд.

Ҳамин тариқ, дар иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокима гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 8)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2