Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Декабрь 2018    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар ...
» Нақши зан – Модар дар танзими анъана ва ҷаш ...
» Баррасии одоби хизматчии давлатӣ
» Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳ ...
» Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии То ...
» Подписание Грантового Соглашения по проекту «Водоснабже ...
» Нақши занони молиячӣ дар рушди кишвар
» Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии То ...
» Пешвои миллат як қатор тағйироти кадрӣ ...


 
Архив новостей
Декабрь 2018 (1)
Ноябрь 2018 (14)
Октябрь 2018 (11)
Сентябрь 2018 (21)
Август 2018 (8)
Июль 2018 (6)
 
Пресс-релизы : Нақши зан – Модар дар танзими анъана ва ҷашну маросим.
 
Нақши зан – Модар дар танзими анъана ва ҷашну маросим.

23 ноябри соли 2018 ҷиҳати иҷрои банди 3 нақшаи кори комиссияи доимоамалкунандаи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ зери унвони «Нақши зан – Модар дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро Муовини Вазири молия Ҷонмамадзода Меҳринамо ифтитоҳ намуда, афзуд, ки дар Вазорати молия Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тибқи нақшаи чорабиниҳои ҳар сол таҳияшаванда фаъолияташро ба таври назаррас ба роҳ монда, вобаста ба риояи ҳатмии муқаррароти қонуни мазкур рафти баргузории ҷашну маросимҳои кормандони Вазоратро таҳти назорати мунтазам қарор медиҳад.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки тамоми чорабиниҳо дар вазорат бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иштироки ҳатмии аъзои Комиссияи ҷамъиятӣ баргузор мегардад.

Сипас, намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзигул Юсуфзода ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова, инчунин сармуҳаррири идораи маҷаллаи “Молия ва ҳисобдорӣ” – и назди Вазорати молия вобаста ба нақши зан – Модар дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маърӯза баромад намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ миёни кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонон роҷеъ ба масъалаи мавриди назар саволу ҷавоб ва мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 3)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2