Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Декабрь 2018    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар ...
» Нақши зан – Модар дар танзими анъана ва ҷаш ...
» Баррасии одоби хизматчии давлатӣ
» Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳ ...
» Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии То ...
» Подписание Грантового Соглашения по проекту «Водоснабже ...
» Нақши занони молиячӣ дар рушди кишвар
» Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии То ...
» Пешвои миллат як қатор тағйироти кадрӣ ...


 
Архив новостей
Декабрь 2018 (1)
Ноябрь 2018 (14)
Октябрь 2018 (11)
Сентябрь 2018 (21)
Август 2018 (8)
Июль 2018 (6)
 
Пресс-релизы : Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”
 
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”

Санаи 14 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус, мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба муносибати рӯйдоди муҳими таърихӣ — ба кор андохтани агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик гуфтанд.


Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» иншооти муҳиму стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ роҳбарияти олии кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои бунёди неругоҳҳои хурду бузург дар қаламрави кишварамон ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.

Таъкид гардид, ки бунёди пурраи ин кохи нур роҳи асосии ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шудани Тоҷикистон буда, омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, сабаби таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии сокинони мамлакат мегардад.

Имрӯз дар маросими навбатии супоридани мукофотҳои давлатӣ аз корманди одӣ сар карда, то экскваторчӣ, васлгару ронанда, нақбкану кафшергар, пармагару барқчӣ, дуредгару муҳандис ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ иштирок доштанд, ки дар қитъаҳои гуногуни ҷабҳаи нангу номус бо садоқат ба давлату миллат заҳмат мекашанд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» коргарон бо Ордени «Шараф дараҷаи 2», Медали «Хизмати шоиста» ва «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр карда шуданд.

Ҳамин тавр 2 нафар бо Ордени «Шараф дараҷаи 2», 53 нафар бо Медали «Хизмати шоиста» ва 48 нафар бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ хизмати арзандаи ҳар як нафар коргари Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун», аз ҷумла сардорони раёсатҳои ширкат, васлгарон, ронандагони техникаҳои гуногун, нақбканон, кафшергарони газию барқӣ, таъмиргарони муҳаррик, челонгарон, пармагарон, устоҳои қитъаҳои сохтмонӣ, кормандони озмоишгоҳҳо, барқчиён, дуредгарон, назоратчиҳои қитъаҳои сохтмонӣ, истеҳсолотчиён, инчунин пудратчиён — кормандони даҳҳо адад ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдудро, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ фаъолона иштирок кардаанд, махсус зикр намуданд.

Дар маросими мукофотсупорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ шуданд, ба ифтихори рӯйдоди муҳим табрик гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу намуданд.

Пешвои миллат бори дигар ба ҳамаи коргарон барои хизмати шоиста ва ватандӯстонаву созанда дар назди халқу Ватан миннатдорӣ баён намуда, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо минбаъд низ барои ободии кишварамон, пойдории сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти иқтисоди миллиамон ва амалӣ гардидани ҳамаи ҳадафҳои неки давлату ҳукумат бо азму талоши дучанд заҳмат мекашанд.

 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2